ШУЪБАИ НИГОҲДОРӢ ВА МАХЗАНИ КИТОБӢ

     Шуъбаи нигоҳдорӣ ва махзани китобӣ яке аз шуъбаҳои калонтарини китобхона ба ҳисоб рафта, он аз соли 1986 ҳамчун шуъбаи мустақил амал мекунад. Дар ибтидои фаъолият шуъба дорои 125789 нусха китоб буд.

     Махзани асосии шуъба соҳаҳои гуногуни дониш, аз қабили иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, таърих, фалсафа, филология, луғатҳо, қомусҳои гуногун маҳфуз аст тавассути шуъбаҳои толори хониш ва хизматрасонӣ дастраси хонандагон мегардонанд. Инчунин бо китобхона-филиалҳои шаҳр ҳамкорӣ намуда талабу дархости хонандагони китобхона-филиалҳоро иҷро менамояд.

     Масъулони шуъба Самадова Муаттар (сардори шуъба) Шамсиева Мунира, Акилҷонова Мунира, Хўҷаева Маҳбуба, Бобоҷонова Меҳринисо мебошанд.