ТОЛОРИ ХОНИШ
Дар таърихи тамаддуни инсоният ва инкишофи фарҳанг китоб аҳамияти калон дорад. Китобхона ҳамчун маркази иттилоотӣ аз замонҳои қадим арзи вуҷуд намуда, шаклу намудҳои гуногуни иттилоот ва расонаҳоро ҷамъоварӣ, коркард, гурўҳбандӣ, ҷобаҷонамоӣ, маҳфуз ва дастраси хонандагони гуногунзавқ менамуд.
Китобдорони шуъбаи толори хониш низ аз рўзҳои аввалини ташкилёбӣ барои ҷалби хонандагон, тарғиб намудани соҳаҳои мухталифи илм кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Махзани китобии шуъба имрўз дорои 46000 нусха китобҳои гуногунсоҳа буда, он дар се забон мебошад. Ҳайати хонандагони толори хониш гуногун буда, дар як рўз аз 185 то 260 нафар хонандагон китобҳои гуногунсоҳаро истифода мебаранд.
Масъулони шуъба Мирзоева Шараф (сардори шуъба) Эргашева Муяссар, Усмонова Сурайё, Бобоҷонова Гулбаҳор ва Баротова Шафоат мебошанд.