ШУЪБАИ МАЪЛУМОТДИҲӢ-БИБЛИОГРАФӢ

     Кори маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар Китобхона дар солҳои шастуми асри гузашта ба роҳ монда шуда буд. Аз ҳамон сол то ба имрўз тамоми дониш ва маҳорати касбии кормандон, мақсад ва мазмуни асосии фаъолияти кори шуъба ба равандҳои гуногуни тарғиботӣ ва ташвиқотии китобҳову маълумотномаҳо нигаронида шудаанд. Махзани умумии шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ 1889 нусха маълумотномаҳо мебошад.

     Аз тарафи шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ ба таври доимӣ корҳои кишваршиносӣ бурда мешаванд. Феҳрасти кишваршиносии шуъба ҳамеша бо маводҳои нав пурра мегардад. Тамоми маводҳо дар баргаҳо сабт шуда, феҳрасти кишваршиносӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ мураттаб шудааст.

     Ҳоло дар шуъба, библиографон Ҳамробоева Мавзуна, Ҳошимова Мунаввара, Рабиева Рокия ва Қобилова Мадина фаъолият доранд.