ШУЪБАИ САНЪАТ

     Дар ташаккули ҷаҳонбинии истифодабарандагони синну солашон гуногун, ҳамчунин дар тарбияи эстетикии онҳо бахши санъат ва ҳунар хеле калон аст. Инро ба назари эътибор гирифта, соли 1991 дар заминаи чанд нусха китобе, ки дар махзани китобхона мавҷуд буд, шуъбаи адабиёт роҷеъ ба санъат ва ҳунар таъсис шуд.

     Ҳамарўза кормандони шуъба ба истифодабарандагони гурўҳҳои гуногун аз ҷумла, донишҷўён ва хонандагони макотиби оливу миёна хизмат мерасонанд. Махзани китобии шуъба доир ба назарияи санъат, эстетика, санъати наққошӣ, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, санъати театрӣ, кино, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

     Ҳоло махзани шуъба дорои 12022 нусха китоб буда, бо забонҳои тоҷикӣ, ўзбекӣ ва русӣ мебошад. Масъулони шуъба Машҳура Умарова (сардори шуъба) ва Тошматова Муқаддас мебошанд.