ШУЪБАИ ПУРРАКУНӢ ВА КОРКАРДИ АДАБИЁТ.

     Шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёт аз рўзҳои аввалини ташкилшавии китобхона таъсис ёфта, ҳамарўза барои ғанӣ гардонидани махзани китобии китобхона саъю кўшиш менамояд. Вазифаи асосии шуъба вусъат бахшидан ва беҳтар намудани пурракунии махзани китобӣ бо истифодаи ҳамаи намудҳои воситаҳои иттилоотӣ, сарчашмаҳои гуногуни дастраснамоии китобҳо мебошад.

     Махзани китобии китобхона 467044 нусха адабиётро ташкил медиҳад, ки аз ин 62806 нусха ба забони тоҷикӣ, 373750 нусха ба забони русӣ, 17777 нусха ба забони ўзбекӣ ва 12711 нусха ба дигар забонҳо мебошад.

     Дар шуъба Ғафорова Рано (сардори шуъба) Юсупова Саёҳат ва Саидова Насиба фаъолият мебаранд.