ТОЛОРИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМӢ

     Толори илмӣ-таълимӣ соли 2017 бо назардошти татбиқи дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ гардонидани нуктаҳои меҳварии Паёмҳои анъанавии Роҳбари давлат, баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарғиби китобҳои марбут ба илмҳои дақиқ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои аспирантону магистрантон, унвонҷўёну докторантон, кормандони илмӣ, созмон додани бахши ҷудогонаи рисолаю фишурдаҳои таҳқиқотии муҳаққиқон, такмили махзани китобҳои илмӣ–таълимӣ, қонеъ намудани талабу дархости истифодабарандагон, ба сатҳи хизматрасонии китобию иттилоотии китобхонаҳои пешрафта расонидани китобхона таъсис ёфтааст.

     Ҳоло толори илмӣ-таълимӣ дорои 3254 нусха китоб оид ба соҳаҳои гуногуни дониш, аз қабили иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, таърих, фалсафа, филология (забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, сарчашмаҳои адабӣ, фолклор), луғатҳо, қомусҳои мухталиф, аз ҷумла «Энсиклопедияи Оксфорд», «Энсиклопедияи кўдакон» буда, масъули хизматрасонии китобию иттилоотии он Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Мавзуна мебошад.