МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №9-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Китобхона-филиали №9 соли 2011 дар Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ таъсис ёфт. Соли 2011 махзани китобхона 11864 нусха китобро дарбар гирифта, масъули китобхона-филиал Зоидова Мунаввар буд ва ў то соли 2014 фаъолият бурд.
Соли 2014 Рустамова Масъуда масъули филиал таъин шуд. Дар ин вақт он дорои 12100 нусха китоб буд.
Соли 2015 то 2016 Мирзоева Шафоат дар ин ҷо фаъолият бурд. Филиал 12120 нусха китобро фаро мегирифт.
Аз соли 2016 Шарипова Бароат ба ҳайси китобдори дараҷаи 1 фаъолият бурда истодааст.
Дар соли 2017 китобхона-филиал дорои 5721 нусха китоб гашт, ки аз ҷумла, 3574 нусха бо забони тоҷикӣ, 2100 нусха бо забони русӣ мебошад. Он масоҳати 32м2-ро дар бар гирифта, толори хониши он 10 ҷойи нишаст дорад.
Китобхона-филиал ҳамчун муассисаи маърифатӣ ва махзани илму хирад то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.
Махзани китобӣ аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1. Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 54 нусха.
2. Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб – 10 нусха.
3. Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ – 11 нусха.
4. Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш – 59 нусха.
5. Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона – 5587 нусха.