МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №8-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Китобхона-филиали №8 дар бинои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷойгир аст. Китобхона-филиал то соли 1994 ҳамчун шуъбаи бачагонаи китобхонаи шаҳрӣ фаъолият намуд. Баъд аз якҷояшавии китобхонаи вилоятӣ ва шаҳрӣ ҳамчун китобхона-филиали №8 фаъолият бурда истодааст.
Аз соли 1990 то 1-уми январи 2015 мудири китобхона-филиал Ҷўраева Моҳӣ ба ҳайси мудири китобхона-филиал ва Воҳидова Раъно (1990-1998) ҳамчун китобдор фаъолият доштанд, ки ҳамон давр махзани китобии филиал 15651 нусхаро ташкил медод.
Аз соли 2015 сардори шуъба Собирова Дилрабо, китобдори дараҷаи 1 Рустамова Масъуда ва Манонова Моҳира ҳамчун китобдор фаъолият намуда истодаанд.
Дар соли 2017 китобхона-филиал дорои 13020 нусха китоб буда, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ 5217 нусха, бо забони русӣ 7783 нусха, бо забони узбекӣ 17 нусха, бо дигар забон 3 нусха буда, дар масоҳати 120 м2 ва толори хониши дорои 20 ҷойи нишаст фаъолият менамояд.
Китобхона-филиал ҳамчун муассисаи маърифатӣ ва махзани илму хирад то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.
Махзани китобӣ аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1. Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 1460 нусха.
2. Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб – 1107 нусха.
3. Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ – 919 нусха.
4. Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш – 332 нусха.
5. Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона – 9202 нусха.