МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №7-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Китобхона-филиали №7 дар бинои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷойгир аст. Китобхона-филиал то соли 1994 ҳамчун шуъбаи толори хониши китобхонаи шаҳрӣ фаъолият намуд. Баъди якҷояшавии китобхонаи вилоятӣ ва шаҳрӣ он ҳамчун китобхона-филиали №7 фаъолият бурда истодааст.

Аз соли 1994 то 1996 мудирии китобхона-филиалро Шарипова Мунаввар ба уҳда дошт ва Боқиева Марҳамат ҳамчун китобдор фаъолият мекард. Ҳамон вақт махзани китобии филиал 14836 нусхаро ташкил медод.

Аз соли 1996 то соли 1997 Абдулова Зебо филиалро сарварӣ намудааст. Он вақт махзани китоби 12297 нусхаро ташкил медод. Аз соли 1998 то 2004 Боқиева Марҳамат ҳамчун мудири филиал ва Норматова Саёҳат ҳамчун китобдор бо теъдоди 14836 нусха китоб фаъолият намудаанд.

Аз соли 2004 сардори шуъба Раҷабова Мавзуна ва китобдор Зоидова Замира фаъолият намуданд. Ҳоло масъулияти роҳбарию фаъолияти китобхона-филиал ба уҳдаи китобдор Зоидова Замира вогузор шудааст.

Дар соли 2017 китобхона-филиал дорои 10470 нусха китоб буда, аз ҷумла, бо забони тоҷикӣ 1947 нусха, бо забони русӣ  7964 нусха, бо забони узбекӣ 543 нусха, бо дигар забон 16 нусха буда, дар масоҳати 195 м2 ва толори хониши дорои 30 ҷойи нишаст фаъолият менамояд.

Китобхона-филиал ҳамчун муассисаи маърифатӣ ва махзани илму хирад то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.

Махзани китобӣ аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1.Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 3680 нусха.
2.Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб – 1666 нусха.
3.Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ – 1045 нусха.
4.Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш – 556 нусха.
5. Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона – 3523 нусха.