Китобхона-филиали №6

МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №6-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

 Китобхона-филиали №6 соли 1977 таъсис ёфта, дар як қисми бинои толори варзишии «Суғдиён»-и воқеъ дар маҳаллаи 13-ум қарор дошт. Айни ҳол низ дар ҳамин бино ҷойгир шудааст. Ҳоло толори варзишии «Суғдиён» Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии кўдакон ва наврасони захираҳои олимпӣ»-и шаҳри Хуҷанд номгузорӣ шудааст. Бино аз 27.02.2014 дар асоси қарори собиқ раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода таҳти №93 ба мувозинаи муассисаи навтаъсисёфта гузаронида шудааст.

Дар марҳалаи ташкил шудан он дорои 2606 нусха китоб буд ва аз соли 1977 то соли 1994 масъули он Осимова Ф. ба шумор мерафт. Махзани китобии он то соли 1994 ба 7693 нусха расид.       

Аз соли 1994 то соли 1995 Мирзобоева Д. китобхона-филиалро бо махзани китобии дорои 13673 нусха ба уҳда дошт.

Филиалро аз соли 1995 то соли 2003 Мухаммедова сарварӣ намудааст, ки ҳамон давра махзани китобӣ 13770 нусха китобро ташкил медод.

Аз соли 2004 то соли 2010 Хўҷамқулова Бибишарифа масъули филиал маҳсуб меёфт ва он дорои 11755 нусха китоб буд.

Китобхона-филиалро аз соли 2010 то соли 2011 Саидова Н. сарварӣ намуд. Махзани китобӣ 10657 нусха китобро ташкил медод.

Аз моҳи июни соли 2012 то ин ҷониб Норматова Саёҳат ҳамчун китобдори дараҷаи 1 ва Ёқубова Гавҳар ҳамчун китобдор фаъолият бурда истодаанд.

Китобхона-филиал бо 3 нуқтаи китобдиҳӣ, аз ҷумла дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №19, №23 ва кўдакистони №37 воқеъ дар маҳаллаи 13-ум ҳамкорӣ карда истодааст.

Дар соли 2017 китобхона-филиал дорои 9585 нусха китоб буда, аз он ҷумла бо забони тоҷикӣ  1478 нусха, бо забони русӣ 8086 нусха, бо забони ўзбекӣ 2 нусха, бо дигар забонҳо  19 нусха буда, дар масоҳати 47 м2 ва толори хониши дорои 6 ҷойи нишаст фаъолият менамояд.

Китобхона-филиал ҳамчун муассисаи маърифатӣ ва махзани илму хирад то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.
Махзани китобӣ аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1. Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 1771 нусха.
2. Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб – 633 нусха.
3. Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ – 441 нусха.
4. Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш – 240 нусха.
5. Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона – 6500 нусха.