Китобхона-филиали №5

МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №5-и
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Китобхона-филиали №5 24-уми декабри соли 1980 дар бинои № 14-и микроноҳияи 3-юм ташкил шуда, махзани он 3045 нусха китобро дарбар мегирифт. Китобхона-филиалро Абдуллина Неля аз соли 1980 то 1994 сарварӣ намуд.
Аз 12-уми сентябри соли1994 то 6-уми июл 1995 сарварии филиалро Ғафурова М. бар уҳда дошт ва махзани китобии он аз 17287 нусха китоб иборат буд.

Аз 6-уми июли соли 1995 Файзиева М. масъули китобхона-филиал таъин гашт. Он дорои 17372 нусха китоб буд. Аз 5-уми феврали 1998 Ҷўраева Ҳуснӣ бо махзани китобии 17387 масъули китобхона-филиал гашт.
Соли 2001-ум китобхона-филиал ба утоқи кории нозири минтақавӣ воқеъ дар хонаи 8-уми ҳамин микроноҳия кўчонида шуд.

Аз 4- уми июни соли 2009 Қодирова М. филиалро бо махзани 15139 нусха китоб қабул намуд. Соли 2010 китобхона-филиал ба таҳхонаи корхонаи «Сирандуд» кўчонида шуд.

Аз 28-уми августи соли 2011 Солиева Гулчеҳра ба ҳайси китобдори дараҷаи 1 ва Зоҳирова Малика ҳамчун китобдор фаъолият доранд.

Аз соли 2012 китобхона-филиал то инҷониб дар ошёнаи 2-юми ҶДММ «Дўстӣ-Амирхон» ва ҳоло Муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд фаъолияташро давом дода истодааст. Филиал дорои 12975 нусха китоб мебошад. Аз ҷумла, 1534 нусха бо забони тоҷикӣ ва 11440 нусха бо забони русӣ мебошад. Он дар масоҳати 115 м2 ва толори хониши дорои 20 ҷойи нишаст фаъолият менамояд.

Китобхона-филиал ҳамчун муассисаи маърифатӣ ва махзани илму хирад то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.
Махзани китобӣ аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1. Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 2731 нусха.
2. Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб – 840 нусха.
3. Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ – 945 нусха.
4. Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш – 569 нусха.
5. Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона – 7890 нусха.