МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №4-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Китобхона-филиали №4 соли 1977 дар маҳаллаи Пахтакор ташкил шуд. Ҳамон сол махзани китобии китобхона-филиал дорои 8027 нусха китоб буд.
Ҳамин тавр, соли 2002 Сатторова Р. китобхона-филиалро бо махзани 7756 нусха китоб сарварӣ намудааст. Аз 6-уми октябри соли 2003 Сатторова Р. бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш дар асоси санади доду гирифти китобхона-филиал ба мудири шуъбаи илмӣ-методӣ  Қаландаров А. супорида шуд. Қаландаров А. ҳамчун намояндаи маъмурияти китобхона филиалро 7772 нусха китоб қабул кард.
Аз 20-уми феврали соли 2004 Холматова М. масъули филиал таъин гардид. Махзани он дорои 7592 нусха китоб буд.
Китобхона-филиал соли 2005 ба кўдакистони №36 кўчонида шуд, ҳамон сол Шокаримова Хоҷинисо бо махзани 7643 нусха фаъолият намудааст.
Соли 2010 китобхона-филиал ба МТМУ №3 воқеъ дар маҳаллаи Масҷиди Сурх кўчонида шуда, то ба имрўз дар ҳамон макон фаъолият мебарад.
Ҳоло дар китобхона-филиал Ҷалолова Мухбира ба ҳайси китобдори дараҷаи 1 ба хонандагон хизмат мерасонад.
Дар соли 2017 китобхона-филиал дорои 3891 нусха китоб буда, аз он ҷумла бо забони тоҷикӣ 1101 нусха, бо забони русӣ 2783 нусха, бо дигар забонҳо 7 нусха буда, дар масоҳати 35 м2 ва толори хониши дорои 6 ҷойи нишаст фаъолият менамояд.
Маҳалли фаъолияти китобхона-филиал ба МТМУ №3 тааллуқ дошта, он аз соли 2010 то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.
Махзани китобӣ аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1.Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 1183 нусха.
2.Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб – 39 нусха.
3.Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ – 131 нусха.
4.Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш – 23 нусха.
5. Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона – 2515 нусха.