МАЪЛУМОТ
оид ба китобхона-филиали №3-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Китобхона-филиали №3 соли 1977 дар маҳаллаи 31-ум дар бинои «Дўстӣ –Амирхон» бо фарогирии 8422 нусха китоб ташкил гардид. Филиалро то соли 1980 Илясова М. сарварӣ намуд ва махзани китобӣ соли 1980 16297 нусхаро ташкил медод.
Ҳамин тавр, соли 1981 то соли 1988 китобхона-фииалро Вяткина З. сарварӣ намудааст. Дар он давра махзан 16065 нусха китобро ташкил медод. Аз соли 1989 то соли 1994 Бекмуродова Р. китобдори китобхона-филиал будааст, ки махзани китобии он 24321 нусхаро ташкил медод.
Аз соли 1994 то соли 2004 Азизова Т. сарварӣ намудааст. Дар солҳои масъулият доштани Азизова Т. махзани китобӣ 25503 нусхаро дар бар мегирифт.
Соли 2002 дар асоси қарори собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Олимҷон Ҷалолов (таҳти №4 аз 02.07.2002) филиал ба хонаи 17А (хобгоҳи №2 воқеъ дар микроноҳияи 31-ум, мансуб ба ҷамъияти Саҳҳомии «Хуҷандсоз») кўч баст.
Соли 2003 китобхона-филиал ба утоқи кории нозири минтақавӣ воқеъ дар маҳаллаи 31-ум кўчонида шуд. Аз моҳи феврали соли 2004 то моҳи майи соли 2005 Ҳайдарова Ф. онро сарварӣ намудааст. Ҳамон давра махзани китобӣ 25362 нусхаро ташкил медод.
Аз соли 2005 то ин ҷониб масъули китобхона-филиал Ҳайдарова Г. мебошад. Соли 2008 китобхона-филиал ба микроноҳияи 34-ум, дар бинои хонаи фарҳанги №2 кўчонида шуда фаъолияташро давом дода истодааст. Ҳоло дар китобхона-филиал Ҳайдарова Гулчеҳра ҳамчун китобдори дараҷаи 1 ва Атаева Муътабар ба ҳайси китобдор ба истифодабарандагони филиал хизмат мерасонанд. Хонандагони филиал омўзгорону толибилмони мактабҳои №21 ва №10, аҳолии маҳаллаҳои 33-34-ум буда, инчунин китобдорон дар нуқтаҳои китобдиҳии мактабҳои №21, №10 ва Беморхонаи касалиҳои пўст, ки дар маҳаллаҳои 33-34-ум воқеанд, хадамоти китобию иттилоотиро ба субут мерасонанд.
Дар соли 2017 китобхона-филиал дорои 22735 нусха китоб мебошад. Аз ҷумла бо забони тоҷикӣ 3892 нусха, бо забони русӣ 18832 нусха, бо забони ўзбекӣ 2 нусха, бо дигар забонҳо  8 нусха буда, дар масоҳати 82 м2 ва толори хониши дорои 15 ҷойи нишаст фаъолият менамояд.
Ҷойи фаъолияти китобхона-филиал ба Хонаи фарҳанги №2 тааллуқ дошта, он аз соли 2008 то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.
Китобхона –филиал ҳамчун муассисаи маърифатӣ ва махзани илму хирад то имрўз дар ҷойи зикршуда бе пардохти музди иҷора, хароҷоти истифодаи обу барқ фаъолият менамояд.
Махзани китоби аз рўи соҳаҳои дониш чунин аст:
1.Китобҳои ҷамъиятию сиёсӣ – 3110 нусха.
2.Китобҳои илмӣ- табиатшиносӣ ва тиб – 1373 нусха.
3.Китобҳои техникӣ ва кишоварзӣ – 1223 нусха.
4.Китобҳои санъат, саёҳат ва варзиш – 1171 нусха.
5. Китобҳои бадеӣ, филологӣ ва бачагона – 15858 нусха.