Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КИТОБХОНА

Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, ки онро кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дастаҷамъона тариқи телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро дар солҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, фарҳанг, илму маориф, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, энергетика, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.
Кормандони китобхона дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушҳолӣ ва дилгармии зиёд тамошо карданд.

Маъмурияти китобхона