Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ҲИМОЯТГАРОНИ ХАЛҚ

(БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК)

Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони Истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда, вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷоя бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

   Масъулини шуъбаи матбуоти даврӣ ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик дар даромадгоҳи шуъба  таҳти унвони «Ҳимоятгарони халқ» намоиши матбуотӣ ташкил  намуда, доир ба фаъолияти ин ҳомиёни Ватан мақолаҳои дар рўзномаву маҷаллаҳо нашргардидаро пешкаши хонандагон гардониданд.

 Дар намоиш чунин мақолҳо ба маърази тамошо гузошта шуд:

1.Алимова, С. Суғд: Милитсия аз усулҳои нав кор мегирад [Матн] / С.Алимова // Ҷумҳурият. – 2017. – 21 феврал.

2.Раҳимзода, М. Ислоҳоти милитсия - ҳамкорӣ бо мардум [Матн] / М.Раҳимзода // Сухани халқ. – 2019. – 7 март. – С.5.

3.Бобо, Н. Милитсияи Суғд [Матн]: Аз ҳамкорӣ бо Ўзбекистон то ошкори ҷиноятҳои вазнин / Н.Бобо // Тоҷикистон. – 2019. – 5 ноябр. –С.13-14.

4.Аюбова, Т. Ҳимояи ватан барояш шараф  аст [Матн]: Дар бораи майори милитсия Муҳиба Азимзода / Т.Аюбова // Тирози ҷаҳон. – 2020. – 7 март. – С.2.

5.Ҳабибуллозода, А. Милитсияи ман - ҳомии ман [Матн] / А.Ҳабибуллозода // Ҷумҳурият. – 2020. – 15 октябр.

Рустам Қодиров, корманди Китобхона