Чорабиниҳои моҳ

  • 01.04.2021 - Намоиши китобӣ-матбуотӣ

    «Нависанда ва рӯзноманигор» (ба муносибати 70 -солагии нависанда ва рӯзноманигор Дадохони Эгамзод)

    02-09.04.2021 - Намоиши китобӣ, вохӯрӣ бо адибон, маҳфили шеърхонӣ

    «Аз кӯдакӣ бо китоб» (ба муносибати Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон»)

  • 08.04.2021 - Намоиши китобӣ

    «Саломатӣ - давлати бебаҳо»(Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ)

    10.04.2021 - Суҳбат

    «Табибе аз табори Сино» (ба муносибати 85-солагии ёдбуди пизишк, ҷарроҳи бачагона Ином Деҳқонов)

  • 12.04.2021 - Намоиши китобӣ-матбуотӣ

    «Фатҳкунандагони кайҳони беканор» (ба муносибати Рӯзи кайҳонавардон)

    14.04.2021 - Лавҳаи китобхонавӣ

    «Офарандаи оҳангҳои рӯҳбахш» (ба муносибати 105-солагии оҳангсоз Сулаймон Юдаков)

    12.03.2021 - Намоишҳои китобӣ-матбуотӣ

    «Таъмини қонунияту адолат рисолати мост!» (ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура)

  • 16.04.2021 - Намоиши китобӣ

    «Шоҳидони безабони таърих» (ба муносибати Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ)

    16.04.2021- Вохӯрӣ бо олимон

    «Сарбаландӣ аз баландиҳои илм» (ба муносибати Рӯзи илми тоҷик)

    16.04.2021 - Суҳбат, намоиши китобию матбуотӣ

    «Шаҳри сабзи орзуҳоӣ, Душанбе!» (ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе )

  • 21.04.2021 - Маҳфили «Дӯсторони китоб»

    «Бону Шарлотта-нависандаи маҳбуби ҷаҳон» (ба муносибати 205-солагии нависандаи англис Шарлотта Бронте ва дар доираи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

  • 22.04.2021 - Суҳбат

    «Сайёраи Замин – хонаи мо» (ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи замин)

    23.04.2021 - Вохӯрӣ бо китобшиносон ва ноширон

    «Рушди нерӯи инсонӣ–дастоварди миллат» (ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоб ва ҳимояи ҳуқуқи муаллиф)

Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

АМРИ

 ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
(№АП-43, 11-уми феврали соли 2021)

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3.
Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.

Муфассал...


АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» (№АП-44  аз 11.02.2021)

 1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза, мукофот ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Муфассал

Аҷоиботи олами китоб

Аҷоиботи олами китоб

Дар олам китобҳои аҷиб зиёданд. Яке аз онҳо китоби мусавварест маҷҳулмуаллиф, ки бо хату алифбои барои аҳли илм то ҳол ношинохта навишта шуда, бо номи “Дастхати Войнич” маъруф мебошад. Ин китоб миёни солҳои 1404 - 1438 китобат шудааст.

Хабарҳои охирин