Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ҶОННИСОРОНИ РОҲИ ҒАЛАБА/3.05.-9.05.2019

ҶОННИСОРОНИ РОҲИ ҒАЛАБА/3.05.-9.05.2019

Дар саҳни ошёнаи дуюми Китобхонаи вилоятӣ ба муносибати 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиши кушоди китобиву матбуотии “Ҷоннисорони роҳи Ғалаба” аз санаи 3-юми май шурӯъ шуд, ки то 9-уми май идома мекунад. Китобдорони шуъбаҳои хизматрасонӣ китобҳои тозаворид ва ҷолибтарин маводи рӯзномаву маҷаллаҳоро интихоб карда, ба намоиш гузоштанд, ки ҳамарӯза аз он истифодабарандагон баҳравар мешаванд. Бо баҳрагирӣ аз ин намоиш ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои таърихӣ бори дигар манзараи мудҳиши ҷанги ҷаҳонӣ дар назари қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан пеши чашми наврасону ҷавонон бо тамоми паҳлӯҳояш намоён гашта, онҳоро ба ватандӯстиву ватанхоҳӣ, ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ дар кишвар талқин намуда, эҳсоси нисбат ба масъалаи фирефташавии ҳамсолони гумроҳи худ бетараф набуданро бедор месозад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ