Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

Имрӯз ба муносибати оғози Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд, ки аз санаи 21-уми август то санаи 26-уми август барпо хоҳад шуд, китобдорон дар саҳни ошёнаи якуми Китобхонаи вилоятӣ намоиши кушоди китобӣ ва матбуотии иборат аз бахшҳои алоҳида ташкил карданд.

No images found.

Китобу асарҳои ифодагари таъриху фарҳанги мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки зери сарлавҳаи “Бадахшон чатри симини замин аст!” ба намоиш гузошта шудааст, бештар диққати истифодабарандагони Китобхонаи вилоятиро ба худ ҷалб кард.

Маҷмӯаҳои ашъори “Ғунчаҳои хандон”, “Муаллими ишқ”‑и Мирсаид Миршакар,  “Ситораи исмат”, “Аз Бесутун то кунун”, “Қудрати ҷонофарин”, “Осори мунтахаб”‑и Муъмин Қаноат, “Зартеғ”, “Бомдод”‑и Ширин Бунёд, “Навои Бадахшон”, “Баҳори умр”, “Армуғони дил”‑и Нодир Шанбезода, “Баҳори шодӣ”, “Субҳи кишвари ман”, “Рози дил”, “Номаи бахт”‑и Тилло Пӯлодӣ, “Нидои дӯст”‑и Басир Расо, “Ҳафт хони Бадахшон”, “Зодагони ҳафт тӯфон”‑и Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, “Хилвати мондагор”‑и Чӯпон Бадали Ванҷиро, ки ганҷинаҳои адабиёти муосири тоҷик ба шумор мераванд, дар намоиш дида мешаванд.

Асарҳои “Лекарственные растения”, “Мумиё и мумиётерапия”, “Мумиё и его лечебные свойства” ва дастурҳои таълимии доктори илмҳои тибб, профессор Юсуф Нуралиев ҳам дар гӯшае бо номи “Пизишки маъруф аз Боми Ҷаҳон” гирдоварӣ шудаанд.

Китобдорон бо ин намоиши китобӣ ва матбуотӣ мақдами меҳмони олиқадри шаҳри Хуҷанд ва Китобхонаи вилоятиро гиромӣ медоранд ва истифодабарандагон ҳам мунтазири ҳузури бародарону хоҳарони бадахшонианд, то ба баҳонаи ин намоиш бо онҳо вохӯриву суҳбатҳои дӯстона барпо созанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ