Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

“МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”

“МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”“МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” Мавлоно Ҷалолуддин Мухаммади Балхӣ аз силсилаи “Ахтарони адаб” дар таҳияи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Баҳриддин Ализода ва Мубашшир Акбарзод дар се китоби алоҳида омода шудааст, ки китоби якум дафтари аввал ва дувуми онро дар бар гирифта, соли 2013 бо ҳаҷми 480 саҳифа тавассути нашриёти “Адиб” дастраси хонандагон гардидааст.

“Маснавии маънавӣ” дар се китоб санаи 28-уми ноябри соли 2017 ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти Китобхонаи вилоятӣ ворид шудааст.