Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

“Армуғони аҳли дил” баргузида ва тарҷумаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки ба муносибати баргузории конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» (28-29-уми октябри соли 2016) ба кӯшиши доктори илмҳои филология Фахриддин Насриддинов омода гардидааст. Ин китоб аз дастовардҳои тозаи Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар самти таблиғу нашри осори Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад.  Ғазалҳои Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар ин китоб ба забонҳои олмонӣ (тарҷумаи Александр Ҳайзер), англисӣ (тарҷумаи Бахтиёр Олимов), русӣ (тарҷумаҳои И. Селвинский, А. Адалис, В. Звягинсева, В. Потапова, М.Синелников дар таҳриру веростории Матлуба Хоҷаева ), ӯзбекӣ (тарҷумаи Муҳаммадҷон Васфӣ  дар таҳрири Абдусалом Абдуқодиров), урдӯӣ (тарҷумаи Муҳаммадсиддиқи Шиблӣ бо веростории Орифи Навшоҳӣ) тарҷума шуда, ҳамчунин ба забону хатти форсӣ низ баргардон шудаанд.

Намояндагони забонҳои гуногун тавассути ин китоб бо каломи шаккарини Хоҷа Камол унсу ошной пайдо хоханд кард.