Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

«Нафаҳот-ул-унс»

Нафаҳот-ул-унс

«Нафаҳот-ул-унс»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз беҳтарин китоби маноқиби суфиён ба забони форсиии тоҷикӣ буда, бозгӯи идомаи суннати нигоришоти ирфонӣ ҳисобида мешавад. Абдурраҳмони Ҷомӣ бо мақсади ба ҳамзамонони хеш осон гардонидани матолиби умумии ирфони исломӣ, бавижа, ба шеваи тоза рӯнамо сохтани китоби «Табақот-ус-суфия»-й Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва дигар манобеи тасаввуфӣ ин асари арзиишманди худро таълиф шмудааст. Нависандаи «Нафаҳот-ул-унс» дар бахши муқаддамотии китоб масоили назариявии тасаввуфро баррасӣ намуда, сипас шарҳи мухтасари зиндагиномаву аҳволи машоихро бо санадҷӯӣ аз Қуръону ҳадис ва сарчашмаҳои мухталифи ирфонӣ меҳвари аслии кори хеш қарор додааст. Зимнан масоиле, ки дар саросари китоб арзёбӣ мешаванд, дар баробари он ки Ҷомиро ба утоқи нависандаи соҳибкарам муаррифӣ месозанд, инчунин мафҳуму мусталеҳоти хоси сӯфия, русуми сулук, ҳолоту мақомоти тариқат, пайвастагии шариату тариқат, муносибати муриду мурод, тасфияи нафсу таҳзиби ботин ва маҷмӯан тарбияи инсони комилро дар худ гунҷоиш додаанд.

Матни асарро адабиётшиносон Муътабар Оқилова ва Баҳром Мирсаидов ба муносибати 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ таҳия карда, зери назари академик Носирҷон Салимӣ ба чоп расонидаанд.

Ин китоб соли 2013  аз тарафи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон тавассути нашриёти “Пайванд” мунташир шуда, соли гузашта ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид гардид.